Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз шабакаи Ал-Маёдин, хабаргузории Сабо дар Сано гузориш дод, ки дар ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ ба як бинои истиқоматӣ дар шаҳри ат-Турба, воқеъ дар ҷануби вилояти Таиз, 11 шаҳрванди яманӣ ба шаҳодат расиданд, ки ҳамаи онҳо кӯдак буданд.
Ҳамчунин дар ҳамлаи нерӯҳои саудӣ ба як хонаи истиқоматӣ дар минтақаи Излати ал-Ҳаҷла, дар ноҳияи ал-Ҳаймаи ал-Хориҷияи вилояти Сано, як шаҳрванди яманӣ ҳамроҳи ҳамсараш ба шаҳодат расиданд ва панҷ фарзанди онҳо маҷрӯҳ шуданд.
Хабаргузории Сабо ҳамчунин гузориш дод, ки ҷангандаҳои саудӣ бамдоди имрӯз ҳамлаҳоеро алайҳи вилоятҳои Таиз ва Лаҷ анҷом доданд.
Бар асоси эълони як манбаи маҳаллӣ ба ин хабаргузорӣ, ҷангандаҳои саудӣ дар ҳамлаи дигар ноҳияи аш-Шамайтинро дар вилояти Таиз ҳадаф қарор доданд ва се ҳамлаи ҳавоӣ низ алайҳи ноҳияи ал-Маха дар ҳамин вилоят анҷом доданд.
Your Comment